Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони тоҷик аз ҳамсолони қирғизашон шикаст хӯрданд


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-сола, ки рӯзи ҷумъаи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз ёфт, ду бозӣ баргузор шуд. Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаб аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок доранд.

Дар нахустин даври мусобиқа дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-18) бозиро ба тими Қирғизистон (U-18) бо ҳисоби 0:1 бохт. Дар бозии дигар мунтахаби Эрон (U-18) ба дастаи Узбекистон (U-18) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Дар даври дуюми мусобиқа, ки рӯзи якшанбеи 13-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, мунтахаби Тоҷикистон (U-18) муқобили тими Эрон (U-18) бозӣ мекунад. Пеш аз ин дидор дар ин варзишгоҳ дастаҳои Қирғизистон (U-18) ва Узбекистон (U-18) рақобат мекунанд.

Дар доираи мусобиқаи мазкур ҳамагӣ шаш бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад ва дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда муайян хоҳад шуд.

Иззатулло Исҳоқов, сармураббии мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-18), гуфт, ки вазифаи асосии даста омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 аст, ки соли оянда баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-18)

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:1

Гол: Аяна Каратаева, 55.

Узбекистон – Эрон – 0:1

Гол: Нигин Зандӣ Дареҳ Ғарибӣ, 35.

Аз майдон хориҷ шуданд: Севинч Қучқорова (Узбекистон), 65 – корти 2-юми зард, Лайло Рустуллоева (Узбекистон), 79 – корти 2-юми зард.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

1-0

3

2

Қирғизистон

1

1

0

0

1-0

3

3

Тоҷикистон

1

0

0

1

0-1

0

4

Узбекистон

1

0

0

1

0-1

0

Даври 2-юм

13 март (якшанбе)

14:00 – Қирғизистон – Узбекистон

17:00 – Эрон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

14:00 – Эрон – Қирғизистон

17:00Тоҷикистон – Узбекистон

XS
SM
MD
LG