Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷудо "Tunis African Open 2022", ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Тунис баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа иштироки 167 варзишгар (108 мард ва 59 зан) аз 20 кишвари панҷ қора дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар – Муҳаммадраҳим Сарахонов, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни -73 кг) ва Хушвахт Идиев (-81 кг) - намояндагӣ мекунанд.
Барномаи мусобиқа:
12-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг, миёни занон; -60 кг, -66 кг, -73 кг миёни мардон.
13-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг, -78 кг, +78 кг миёни занон; -81 кг -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Муҳаммадраҳим Сарахонови 23-сола ва Алиҷон Сафаралиеви 22-сола рӯзи аввали мусобиқа - 12-уми март, Хушвахт Идиеви 21-сола рӯзи дуюм - 13-уми март - вориди рақобат мешаванд.
Зимнан, ин чорумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола барои варзишгарони тоҷик ба шумор меравад. Қаблан дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда, дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Баъдан Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки моҳи феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.