Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-сола дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, 11-уми март, дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-сола оғоз меёбад. Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаби духтарон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Рӯзи 10-уми март дар Душанбе нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози мусобиқаи мазкур баргузор шуд. Сармураббиёни ҳарчор тими ширкаткунандаи мусобиқа ба хабарнигорон дар бораи омодагии дастаҳояшон ба бозиҳо иттилоъ доданд.

Иззатулло Исҳоқов, сармураббии мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-18), дар ин нишаст гуфт, ки даста ба мусобиқа омода аст. Ӯ афзуд, «чемпионати CAFA як мусобиқаи хеле муфид ва зарурист. Духтарон таҷрибаи хуби бозӣ касб мекунанд, ки ба мо хеле зарур аст. Рақибони мо дар ин мусобиқа хеле ҷиддӣ ҳастанд. Албатта, ин танҳо оғози мавсим аст ва ҳолати ҷисмонии футболбозони мо ҳанӯз ба оптималӣ наздик нест. Аммо ба ҳар ҳол мо дар ҳар бозӣ мубориза хоҳем бурд. Вазифаи асосии мо омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 аст, ки соли оянда баргузор мешавад.»

Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-18) нахустин бозиашро 11-уми март муқобили тими Қирғизистон баргузор мекунад. Футболбоздухтарони тоҷик баъдан бо тими Эрон (13-уми март) ва дастаи Узбекистон (15-уми март) рақобат мекунанд.

Дар доираи мусобиқаи мазкур ҳамагӣ шаш бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад ва дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-18)

Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

11 март (ҷумъа)

14:00 – Узбекистон – Эрон

17:00Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

13 март (якшанбе)

14:00 – Қирғизистон – Узбекистон

17:00 – Эрон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

14:00 – Эрон – Қирғизистон

17:00Тоҷикистон – Узбекистон

XS
SM
MD
LG