Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии мизбонон дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Чин идома дорад


Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки дар Пекин ҷараён дорад, баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин бо касби 31 медал (10 тилло, 9 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Канада бо касби 16 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ) мақоми дуюм ва мунтахаби Украина бо касби 19 медал (6 тилло, 8 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудаанд.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Фаронса (4 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Ҷопон (3 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ), Словакия (3 тилло), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2 тилло, 8 нуқра ва 3 биринҷӣ), Олмон (2 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ), Австрия (2 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ва Норвегия (2 тилло ва 2 нуқра) қарор доранд.

Ба ғайр аз Украина, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 17-умро касб кардааст.

Ҳамин тариқ, дар панҷ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 19 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 15 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ (IPC) ба далели фишори намояндагони кишварҳои дигари ширкаткунандаи мусобиқот дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дархости варзишгарони Русия ва Беларусро барои ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2022 дар Пекин рад кард.

Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин то рӯзи 13-уми март идома хоҳанд кард. Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил аст: лижаронии кӯҳӣ, биатлон, пойгаи лижаронӣ, ҳоккей дар чана, сноуборд ва кёрлинг дар аробачаи маъюбон. Дар маҷмӯъ, беш аз 500 варзишгари маълул аз 46 кишвар барои 78 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG