Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯёни тоҷикро аз Лаҳистон ба Душанбе мебаранд


Мавҷи паноҳҷӯён дар марзи Руминия
Мавҷи паноҳҷӯён дар марзи Руминия

330 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар пайи ҳамлаи низомии Русия аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурдаанд, ба Душанбе мефиристанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон гуфт, парвози ҳавопаймоҳо рӯзи 10 ва 11-уми март дар назар аст.

Имомуддин Сатторӣ гуфт, “се корманди сафорат барои кумаку назорати парвозҳо дар Варшава ҳастанд. Шаҳрвандоне, ки дар фурудгоҳ буданд, бо ҷойи хоб таъмин карда шуданд.”

Аз оғози ҷанг дар Украина то 7-уми март 1348 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурдаанд. Қисме аз онҳо шикоят доранд, ки дар шароити вазнин ҳастанд ва бояд ба кишвар баргардонда шаванд.

Паноҳандаҳои тоҷик мегӯянд, барои бозгашт пул надоранд, аз ин рӯ, аз мақомот хостаанд, барояшон мадад расонанд. Баъзе аз ин паноҳандагон ба далели бепулӣ ва барои кор ба Олмон рафтаанд.

Ба иттилои расмӣ, чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кору зиндагӣ ва таҳсил мекарданд.

XS
SM
MD
LG