Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ пешсаф аст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки 4-уми март дар Пекин шуруъ шуд, баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин бо касби 26 медал (8 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал қарор дорад.

Мунтахаби Украина бо касби 13 медал - 5 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ мақоми дуюмро азони худ кардаст. Мунтахаби Канада бо касби 13 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Ҷопон (3 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ), Фаронса (3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Словакия (3 тилло), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2 тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ), Норвегия (2 тилло, 1 нуқра), Олмон (1 тилло, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ) ва Австрия (1 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Ба ғайр аз Украина, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 17-ум қарор гирифтааст.

Ҳамин тариқ, дар се рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 19 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 15 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ (IPC) ба далели фишори намояндагони кишварҳои дигари ширкаткунандаи мусобиқот дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дархости варзишгарони Русия ва Беларусро барои ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2022 дар Пекин рад кард.

Ин тасмимро рад кардани дастаҳои зиёде аз рақобат бо варзишгарони Русия ва Беларус, ҳамчунин хоҳиши ҷилавгирӣ аз моҷароҳо дар ҷараёни Бозиҳо ангеза дод.

Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин то рӯзи 13-уми март идома хоҳанд кард. Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил аст: лижаронии кӯҳӣ, биатлон, пойгаи лижаронӣ, ҳоккей дар чана, сноуборд ва кёрлинг дар аробачаи маъюбон. Дар маҷмӯъ, беш аз 600 варзишгари маълул аз 49 кишвар барои 78 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG