Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони ҷавони тоҷик ба нимфинали қаҳрамонии бокси Осиё роҳ ёфтанд


Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки дар шаҳри Уммони Урдун ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик муборизаро дар даври ниманиҳоӣ идома медиҳанд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ беш аз 350 варзишгар аз 21 кишвари қора ширкат доранд. Дар сабқати наврасон варзишгарони солҳои таваллудашон 2006 ва 2007, дар сабқати ҷавонон варзишгарони солҳои таваллудашон 2004 ва 2005 иштирок мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 21 варзишгар (10 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон) дохиланд.

Чаҳор рӯзи рақобатҳо натиҷагирӣ шуд. Дар сабқати наврасон Анушервон Фозилов дар вазни то 46 кило дар чорякфинал Аббос Ҳамдами ироқиро шикаст дод. Муштзани тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бо Зафарбек Комилов аз Қирғизистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Руслан Ғафуров дар вазни то 57 кило дар ¼ финал бидуни рақобат ба нимфинал роҳ пайдо кард, зеро ки рақибаш Алӣ Муттаҳид аз Яман аз сабқат хориҷ шуд. Рақиби Ғафуров дар даври ниманиҳоӣ Турахон Собирхон аз Қазоқистон аст.

Рустамҷон Ашуров дар вазни то 60 кило дар чорякфинал Ҳусейн Алӣ Тамари ироқиро мағлуб кард. Ҳамакнун ӯ дар нимфинал бо Мирзокомрон Юнусов аз Узбекистон вориди рақобат хоҳад шуд.

Вале Ҷаъфар Ҳакимов дар даври чорякниҳоӣ дар вазни то 50 кило аз Самандар Олимови узбекистонӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар сабқати ҷавонон Нурланбек Эрматов, ки дар чорякфинал дар вазни то 75 кило бар Зайд-Олдин Яшаш аз Урдун ғолиб омад, дар даври ниманиҳоӣ бо муштзани ҳинду Дипак вориди рақобат мешавад.

Усмоншайх Усмонов (-63 кг), Аъзам Фозилов (-75 кг) ва Парвиз Аҳмадов (-92 кг), ки миёни ҷавонон ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ пардохтанд, ба нокомӣ рӯбарӯ шуданд.

Се нафар – Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов ва Ҳангома Исоева - тибқи қуръакашӣ муҳорибаро аз даври ниманиҳоӣ шуруъ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки рӯзҳои 22-29-уми январ дар Қасри варзиши “Универсал”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, 11 медал ( 1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 нафар ба финал роҳ ёфта, як нафар медали тилло гирифт. Муштзани ҷавони тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило бар рақибаш Рустам Урусбек уулу аз Қирғизистон ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

XS
SM
MD
LG