Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзҳои истироҳат 700 узбекистонии дигарро аз Лаҳистон ба ватанашон оварданд


Рӯзҳои 6-7 март 674 шаҳрванди Узбекистон, ки аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурда буданд, ба ватанашон оварда шуданд.

Ба иттилои Юсуф Кобулҷонов, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, миёни шаҳрвандони баргардонидашуда 109 зан, 57 кӯдак ва 12 ширхора ҳаст.

Аз 28 феврал то 7 март барои берун овардани шаҳрвандони Узбекистон аз Украина 19 парвоз ташкил ва дар натиҷа 4359 узбекистонӣ ба ватанашон оварда шудаанд.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, дар Лаҳистон бештар аз 350 узбекистонии дигар боқӣ мондааст, ки барои овардани онҳо ташкили як парвози дигар дар назар аст.

XS
SM
MD
LG