Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматилло Зоиров: 25 соли раҳбарӣ барои як кас тӯлонӣ аст. ВИДЕО


Раҳматилло Зоиров. Акс аз 4-уми марти 2022
Раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар як соли охир дар матбуот кампайдо буд, сабаби истеъфояшро шарҳ дод. Раҳматилло Зоиров ҳамчунин андешаҳояшро дар бораи ҷанг дар Украина, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар гуфт. Суҳбат рӯзи 4-уми март сабт шудааст.

Радиои Озодӣ: Баъди канор рафтан аз вазифаи роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тӯли як сол ба хабарнигорон ва ҷомеа дастрас набудед. Дар ин муддат куҷо будед ва чӣ кор мекардед?

Раҳматилло Зоиров: "Росташро гӯям, як соли охир танҳо ба табобат машғул будам. Фасли баҳор ва гармӣ фаро расид, бояд поямро ҷарроҳӣ кунанд. Тӯли ду соли охир хеле талош шуд, ки пойҳоямро бе ҷарроҳӣ табобат кунанд, аммо нашуд. Акнун баъд аз Наврӯз ҷарроҳӣ мекунанд."

Радиои Озодӣ: Соле пеш ғайриинтизор аз вазифаи роҳбари ҲСДТ истеъфо додед ва ҳоло ба корҳои ҳизбӣ дахолат намекунед. Ҳарчанд берун аз сиёсат буда наметавонед...

Раҳматилло Зоиров: "Ақидаи худро доштан ва баён кардани он кори нағз аст. Ҳар сиёсатмадор ин корро мекунад. Агар саломатиам хубтар шуд, ба ин назарам, ки бояд дар ҳаёти ҷомеа нақше дошта бошам. Вале дигар роҳбари ҳизб буда наметавонам, зеро ба 65-солагӣ расидам. Дар 63-солагӣ аз вазифа истеъфо дода, боз муддати чанд моҳ роҳбарии ҳизбро ба дӯш доштам ва як шогирдро барои иҷрои ин вазифа омода кардам. Барояш гуфтам, корҳои ҳизбиро худаш пеш барад, зеро синнам рафта истодааст ва ғайрати пешинаро надорам. Ҳама кор бояд ба меъёраш бошад. Тасмим гирифтам, ки бояд ба илм машғул шавам. Ҳисоб кардам, аз соли 1995 роҳбарии ҳизбро ба уҳда доштам. Дар шароити ҳозира 25 сол ин баробари як умри одамӣ аст. Минбаъд ҷавонҳо талош карда, худро нишон диҳанд. Мо ба ҷавонҳо омӯзиши ҳам таҷрибаи манфиву ҳам мусбатро дареғ намедорем."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Зоиров гуфт, ки чаро истеъфо дод ва як сол дар куҷо буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:09 0:00

Радиои Озодӣ: Дар гузашта дар Тоҷикистону Қазоқистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ вазифаи вакили мудофеъро иҷро мекардед, ҳоло чӣ?

Раҳматилло Зоиров: “Фикр мекунам, агар пойро то охири моҳи август табобат кунем, боз ҳам ба фаъолияти худ ҳамчун вакили мудофеъ идома хоҳам дод. Зеро бояд дар ин кор борҳо ба хориҷи кишвар сафар кунам ва ин кор ба фоидаи мардум мебошад.”

Радиои Озодӣ: Агар иштибоҳ накунем, дар Украина таҳсил ва кор карда будед...

Раҳматилло Зоиров: “Бале, дар Украина ҳам таҳсил кардаам ва ҳам вакили дифоъ низ будам.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Украина ҷанг идома дорад, Русия ҳамлаи низомӣ кардааст, чӣ фикр доред?

Раҳматилло Зойиров: “Албатта, огоҳӣ дорам. Бояд бигӯям, ки ин даъфа кори президенти Русия то он дараҷа дуруст нест. Мо дар инҷо сабаби аслияшро намедонем. Ҳоло маълум мешавад. Фикр мекунам, Украина бе Донбасс ҳам бошад, бояд мустақилии худро ҳифз кунад. Вале бояд бигӯем, ки Украина худаш се тақсим мешавад. Ин ноҳияҳои марказӣ, ки то Киев ҳастанд, ноҳияҳои шимолӣ бо шумули Харков, ки соли 2013 президенти Украинаро интихоб карданд ва ғарби Украина. Вале, мехоҳам, ки ягонагии Украина нигаҳ дошта шавад. Мехоҳам, Украина доимо ҳамчун давлати ягона амал кунад. Барои Украина ва мардумаш ҳамин чиз зарур аст.”

Радиои Озодӣ: Яъне, бовар доред, ки Украина тақсим мешавад?

Раҳматилло Зоиров: “Тақсим шуданаш мумкин. Лекин ин тақсимшавӣ аз халқи Украина вобаста аст. Бояд чунин кард, ки ин кор аз таҷовузкор вобаста набошад, бояд аз иродаи аҳолии Донбасс, Луганск ё дигар минтақа вобаста бошад. Иродае, ки бар пояи Конститутсияи Украина баён шуда бошад. Ин кор бояд бар пояи қонуне, ки меъёрҳои байнулмилалиро таъмин мекунад, анҷом дода шавад.”

Радиои Озодӣ: Тӯли як соли охир дар Тоҷикистон низ таҳаввулоте ба мисли ҳодисаҳои марзӣ бо Қирғизистон сурат гирифтанд. Ёдам ҳаст, қаблан дар масоили марзӣ бо Қирғизистон изҳори назар мекардед.

Раҳматилло Зоиров: “Масоили Қирғизистону Тоҷикистон бояд бар асоси таърихиву объективӣ ҳал карда шаванд. Дар ин замина дар Қирғизистон бояд референдум баргузор карда шавад. Дар мавриди Тоҷикистон ин масоили дохилӣ мебошад ва бояд худаш ҳал кунад. Ин ки замоне қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шудааст, дуруст аст. Масоҳати Тоҷикистон пештар калонтар буд ва як қисми ҳудудашро ба Қирғизистон дода буд. Ҳуҷҷатҳоро дар ин бора дар бойгониҳо дидаам. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҳуҷҷатҳо дастрас буданд. Дар онҳо гуфта шудааст, ки як қисми ҳудуди Тоҷикистон ба Қирғизистон дода мешавад. Зеро ин кор он замон барои Тоҷикистон зарар надошт, хусусан, заминҳои Исфара. Ҳоло, ки Қирғизистон ба сурати зӯрӣ ва яктарафа ин масъаларо ҳал карданӣ аст, дуруст нест.”

Радиои Озодӣ: Дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар як соли ахир дар Тоҷикистон чӣ мегӯед?

Раҳматилло Зоиров: “Ҳуқуқи инсон чизест, ки як рӯз васеътар ва як рӯзи дигар тангтар мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон нерӯҳое, ки ин масъаларо меомӯхта бошанд, зиёд нест. Аммо, ин масъаларо бояд таҳлил кард. Бояд ҳамин чизро бигӯям, ки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон устувор аст ва бояд он дар кишвар ҳамеша амалӣ карда шавад.”

Радиои Озодӣ: Вале мегӯянд риояти он аз сӯи мақомот мушкил дорад.

Раҳматилло Зойиров: “Чунин иддао кардан душвор аст. Ҳарду ҷониб чӣ тавр риоя шудани ҳуқуқи инсонро ба таври худ шарҳ медиҳанд. Дар мавриди баррасии якхелаи ин мушкилот ҷонибҳо бояд сари мизи музокирот бишинанд. Зеро далелҳои ҳарду ҷониб мухталифанд. Агар танҳо бар пояи иддаои як ҷониб баррасӣ карда шавад, оқибати хуб надорад. Бояд ҳама ҷонибҳо далелҳои худро ба дурустӣ таҳлил кунанд."

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG