Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гуруҳ аз тоҷиконро дар фурӯшгоҳе дар Лаҳистон ҷой кардаанд. ВИДЕО


Муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон
Муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки шаби 3-юми март аз Украина ба Лаҳистон (Полша) паноҳ бурданд, муваққатан дар бинои фурӯшгоҳ ҷой кардаанд.

Чанде аз онҳо рӯзи 4-уми март бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар байнашон кӯдакон низ ҳастанд ва «дар ин шароит азоб мекашанд.» Ба иттилои муҳоҷирон, шумораи онҳо дар фурӯшгоҳ тақрибан дусад нафар аст.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина кору таҳсил ва зиндагӣ мекарданд, дар пайи ҳамлаи низомии Русия ва бад шудани авзоъ тарки ин кишвар карданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, то рӯзи 3-юми март беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон қаламрави Украинаро тарк кардаанд. Ба иттилои расмӣ дар умум чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина сабти ном шуда буданд.

Ҷанг дар Украина 9 рӯз боз идома дорад ва аз ҳарду тараф ҳазорҳо нафар куштаву захмӣ шуда, беш аз 1 миллион украинӣ кишварро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG