Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон як шаҳрванди Туркияро боздошт кардааст


Акси гумонбар
Акси гумонбар

Шаҳрванди Туркия, ки бо гумони даст доштан дар куштори рӯзноманигор Грант Динк дар шаҳри Истанбул ҷустуҷӯ мешуд, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастгир шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, қудратиҳои ин кишвар хабар ёфтаанд, ки шаҳрванди Туркия аз санадҳои тақаллубӣ истифода мекунад.

Шаҳрванди Туркия, соли таваллудаш 1984, рӯзи 26-уми феврал дар пойтахти Қирғизистон дастгир карда шудааст. Вай аз шиноснома ва шаҳодатномаи ронандагии сохта истифода мекардааст.

Вайро дар ватан ба содир кардани ҷиноятҳои муташаккил ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, аз ҷумла куштори рӯзноманигор Грант Динк дар соли 2007 айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG