Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022


Қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 2-юми март, дар “Кохи Парфенон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар 31-умин мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон даҳ бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳарду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар) , «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) - иштирок мекунанд.

Тибқи тақвим бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 2-3 апрел баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

2-3 апрел (шанбе, якшанбе)

«Эсхата» - «Хуҷанд»

«Файзканд» - «Истаравшан»

«Хатлон» - «Равшан» (Кӯлоб)

«Истиқлол» - КМВА

«Регар-ТадАЗ» - «Равшан» (Зафаробод)

Мусобиқаи нави қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзи 2 апрел оғоз шуда, дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ бошгоҳ дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд.

Панҷ бошгоҳи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG