Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба 32 варзишгар супурда шуд


Маросими супоридани ҷоизаҳо дар шаҳри Душанбе. 1 март, 2022.
Маросими супоридани ҷоизаҳо дар шаҳри Душанбе. 1 март, 2022.

32 варзишгари тоҷик, ки соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба 4 намуди варзиш – ҷудо, гуштии варзишӣ, бокс ва таэквондо WT миёни бузургсолон, ҷавонон ва наврасон медал ба даст оварданд, бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Маросими ҷоизасупорӣ 1-уми март дар Кохи “Суруш”-и Душанбе доир гардид. Дар байни онҳое, ки бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон сарфароз шуданд, варзишгарони маъруф, ба мисли Сомон Маҳмадбеков – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, Далер Ризозода - барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – ҳарду барандагони медали биринҷии қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова – ҳарду барандагони медали биринҷии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев - ҳарду барандагони медали биринҷии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни мардон ва Моҳрӯ Ҳалимова - барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо WT буданд.

Ҳамчунин ба 23 варзишгаре, ки дар чаҳор намуди олимпӣ - ҷудо, гуштии варзишӣ, бокс ва таэквондо WT – соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ва ҷавонон ба гирифтани ҷойҳои аз якум то сеюм ноил шудаанд, Ҷоизаи президент тақдим гардид.

Ба варзишгарони намудҳои олимпӣ мувофиқи дастовард ва гурӯҳашон (наврасон, ҷавонон ва бузургсолон) Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба мабалағи аз 6250 то 50 000 сомонӣ тақдим шуд, ки аз ин маблағ бист фоизаш ба мураббиён эҳдо гардид.

Аммо ба ягон варзишгар аз намудҳои ғайриолимпӣ ҷоизаи президент супурда нашуд. Ба гуфтаи масъулини соҳа, сабаби ҷоиза дарёфт накардани намояндагони намудҳои ғайриолимпӣ ин ба талаботи низомномаи Ҷоизаи президент бастагӣ дорад. Яъне дар чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба намудҳои ғайриолимпӣ теъдоди кишварҳои иштироккунанда, ки муқаррар шудааст, ба эътибор гирифта мешавад.

Зимнан, Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ соли 2015 таъсис ёфта, давоми 7 сол 201 ҷоиза ба варзишгарон ва мураббиёнашон тақдим гардидааст. Маблағи умумии ҷоиза дар ин давра 4 392 500 сомониро ташкил дод.

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мувофиқан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад. Вале соли 2021 ягон варзишгари тоҷик натавонист дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио медал бигирад.

Инчунин варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш бе медал монданд. Ба ғайр аз ин, намояндагони Тоҷикистон натавонистанд дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст биёранд.

XS
SM
MD
LG