Сафирони даҳҳо кишвар аз қатъномаи Созмони Милал пуштибонӣ кардаанд, ки тибқи гузоришҳо аз Русия талаб мекунад, ҷангро дар Украина билофосила бас карда, нерӯҳояшро аз ин кишвар берун кунад ва зуд аз пайи ҳалли сулҳомези қазия шавад.
Ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ, ки 28-уми феврал шуруъ шуд, дар 20 соли охир бори аввал ва дар таърихи 77-солаи созмон бори ҳафтум аст, ки ба таври изтирорӣ барпо мешавад.
Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баъди ҷаласа гуфт, "ҷанг дар Украина бояд хотима ёбад" ва ҳушдор дод, ки ҷанги хунин ним миллион украиниро дарбадар кард ва ин ҳама барои ҷаҳон пайомадҳои сахте хоҳад дошт.
Гутерреш гуфт: "Бас аст. Сарбозон бояд ба қароргоҳҳои худ баргарданд. Раҳбарон бояд ба самти сулҳ ҳаракат кунанд. Мардум бояд ҳимоят шаванд."
Серҳей Кислитса, сафири Украина, гуфт, "агар Украина наҷот наёбад... сулҳи байналмилалӣ ҳам наҷот намеёбад. Хаёлпарастӣ накунед. Агар баъди ин демократия ҳам шикаст хӯрд, мо набояд ҳайрон шавем."
Ҳафтаи ҷорӣ, баъд аз ҳуҷуми Русия ба Украина, айни чунин қатъномае, ки дар Шӯрои амнияти СММ бо ҳадафи маҳкум кардани Маскав баррасӣ шуд, аз ҷониби Русия вето гардид. Русия мегӯяд, барои ҳимоят аз ҳуқуқи рустаборҳои минтақаи шарқи Украина "амалиёти вижаи низомӣ"-ро ба роҳ мондааст.