Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия се бозии санҷишӣ анҷом дод, дар дутоаш мағлуб шуда, як бозиро мусовӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол», аввалин бозии санҷишии қаҳрамони Тоҷикистон муқобили тими “Металлист”-и Харков, пешсафи дивизиони аввали Укроин, баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 ба поён расид. Вале дар нимаи дуюми бозӣ футболбозони укроин ду гол зада, бозиро ба нафъи худ бо ҳисоби 2:1 анҷом доданд.
Бозии дуюми санҷишии қаҳрамони Тоҷикистон, ки муқобили бошгоҳи «Ауда»-и Латвия доир гардид, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
«Истиқлол» дар бозии сеюми санҷишӣ бо бошгоҳи «Валмиера», ноиби қаҳрамони Латвия, рӯбарӯ шуд. Рақиб дар аввали бозӣ аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро боз кард ва ин натиҷа то охири дидор боқӣ монд.
«Истиқлол» бозии ниҳоии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия рӯзи чоршанбеи 2-юми март бо дастаи «Оболон»-и Укроин баргузор хоҳад кард.
Виталий Левченко, сармураббии дастаи «Истиқлол», гуфт, «мо дар ин ҷамъомад ҳаҷми корҳоеро, ки ба нақша гирифтаем, комилан иҷро хоҳем кард. Аз чаҳор бозии санҷишӣ сетоашро анҷом додем. Рақибонамон дастаҳои пурқуввату пуртаҷриба аз Укроин ва Латвия буданд. Бачаҳои мо муқобили онҳо хуб бозӣ карданд. Дар ҷараёни ин бозиҳо камбудиҳо низ ошкор шуданд, ки мо аз пайи ислоҳи онҳо мешавем. Бархе аз бозигарони моҳири тоҷик ба бошгоҳҳои хориҷӣ гузаштанд, ки ин ба бозии даста бетаъсир намонд. Аз ин рӯ, ҳоло мо ҷавононро озмоиш мекунем, то ки онҳо дар ҳайати асосӣ мавқеи сазовор пайдо кунанд ва дар оянда дар футболи тоҷик номҳои нав ба миён ояд.»
Ҷамъомади таълимиву тамринии "Истиқлол" дар Анталияи Туркия, ки 18-уми феврал шуруъ шуд, то рӯзи 3-юми март идома меёбад.
Ёдовар мешавем, аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Райян» (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ) рақобат мекунад.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ баргузор мешаванд.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гуруҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.