Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путинро аз раҳбарии IJF маҳрум карданд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро муваққатан аз мақоми президенти фахрии Федератсияи байнулмилалии дзюдо (IJF) барканор кардаанд. Шӯрои ҷаҳонии дзюдо 27-уми феврал тасмими худро ба ҳуҷуми Русия ба Украина пайванд дод.

"Федератсияи байнулмилалии дзюдо, бо назардошти ҷанг дар Украина, мақоми Владимир Путинро ҳамчун президенти фахрӣ ва сафири Федератсия бозмедорад," – гуфта шудааст дар изҳороти IJF.

Ҳафтаи гузашта Федератсияи байнулмилалии дзюдо гуфт, ки мусобиқаи Grand Slam-2022-ро дар Қазони Русия бекор кардааст. Ин чорабинии варзиширо рӯзҳои 20-22-юми майи имсол ба нақша гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG