Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То марзи Аврупо бо қатор, мошин ва пои пиёда. Паноҳҷӯии 120 ҳазор украинӣ


Сарҳади Украина бо Руминия. Занону кӯдакон ва пиронсолон дар Аврупо паноҳ меёбанд

Шумори паноҳҷӯёни украинӣ дар кишварҳои ҳаммарзи он  то рафт меафзояд ва то шоми 26-уми феврал дар сарҳади Полшаву дигар кишварҳо 120 ҳазор мардуми фирорӣ аз оташи ҷанги Русия ҷамъ шуд.

Ҳаводиси имрӯзаи Украинаро азимтарин ҷанги заминӣ баъди хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон меноманд. Паноҳҷӯён савори қатор, мошин, автобус ва ё пиёда то наздиктарин сарҳади Аврупо мерасанд. Мақомот гуфтанд, ки паноҳҷӯёни украиниро ҳоло мешавад дар Полша, Словакия, Руминия, Венгрия ва Молдова мушоҳида кард.

Аксари онҳоро дар сарҳад хешовадону дӯстон ваё мақомоти маҳаллӣ пешвоз гирифтанд. Олмон, ки бо Украина марзи муштарак надорад, инчунин хабар дод, ки аввалин паноҳҷӯёни украинӣ ба хоки ин кишвар ҳам ворид шуданд, ҳарчанд шуморашон ҳоло кам аст. Мақомоти олмонӣ гуфтанд, ки шумори ками муҳоҷирон сарҳади Украинаро гузашта ба шаҳри Гёрлитси Полша расиданд ва аз он ҷо ба марказҳои қабули паноҳҷӯён дар шаҳри олмонии Айзенхюттенштадт ворид шудаанд.

Полша, гузаргоҳи марзӣ бо Украина
Полша, гузаргоҳи марзӣ бо Украина

Интихоби кишвари Полша барои фирор аз оташи ҷанг тааҷҷубовар нест, чунки дар солҳои охир тахминан 2 миллион шаҳрванди Украина барои кор Иттиҳоди Аврупоро интихоб кардаанд. Бисёри онҳо ҳанӯз фирории ҷанги аввали соли 2014 ҳастанд, вақте Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карда, аз ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина ҳимоят кард.

Дар гузаргоҳи марзии Медика, ки дар деҳаи ҳамноми он дар сарҳади Полша ҷойгир аст, корвони мошинҳо аз Украина дар масофаи то 15 километр саф кашидаанд. Оҷонсии марзбонии Полша дар изҳороте гуфт: “Мо ба ҳар як нафарашон кӯмак мекунем”, “мо ҳеҷ касро беёрӣ намегузорем”.

Аксари онҳое, ки барои убур ба марзи Аврупо омадаанд, занону кӯдакон ва пиронсолон мебошанд. Президенти Украина Владимир Зеленский ба мардони 18 то 60-сола тарк кардани кишварро иҷоза надод.

Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон дар як изҳороташ дирӯз гуфт, ки пешбинӣ мешавад то 4 миллион сокини Украина паноҳанда шаванд. Келли Клементс, раиси ин ниҳод дар сӯҳбат бо CNN гуфт, “мо ҳоло шоҳиди паноҳҷӯии 120 ҳазор нафар ҳастем”. Ӯ гуфт: “Ин мардумро ҷомеаву ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дараҷаи олӣ қабул мекунанд. Вале ҳодисаҳо босуръат тағйир меёбад”.

Сарбози артиши Полша ба паноҳҷӯёни украинӣ шӯрбо мезерад
Сарбози артиши Полша ба паноҳҷӯёни украинӣ шӯрбо мезерад

Молдова рӯзи 25 феврал гуфт, ки аз замони шурӯи ҳуҷуми Русия тахминан 15 ҳазор паноҳандаи украиниро қабул кардааст. Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Молдова Анна Ревенко, дар 24 соати аввали баъди шурӯи ҳуҷум 15 ҳазору 800 украинӣ аз сарҳад гузаштанд. Ӯ гуфт, ки аксари онҳо роҳро ба сӯи Аврупо идома доданд ва тахминан 100 нафарашон аз Молдова дархост карданд, ки барояшон дар гирифтани ҳақи паноҳандагӣ мусоидат кунанд.

Ин дар ҳоле буд, ки Молдова дар робита бо ҳуҷуми Русия ба Украина дар қаламрави худ 60 рӯзи ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард. Мақомоти ин кишвар дар гузаргоҳҳои марзии ҳамсарҳад бо Украина – Окнитса ва Паланка марказҳои қабули 72-соатаи паноҳҷӯёнро таъсис доданд. Дар ин нуқтаи марзӣ ҳам корвони мошинҳо аз Украина саф кашидаанд. Молдова бо Украина 1222 км марз дорад.

Гузаргоҳи марзии Полша ва Украина
Гузаргоҳи марзии Полша ва Украина

Ҳамсояи дигари Украинаву Молдова – Руминия ҳам шоҳиди афзоиши паноҳҷӯён шудааст. Руминияу Украина 650 км марзи муштарак доранд. Аксари украиниҳо ба гузаргоҳи марзии Сигет-Мармаросский мерасанд ва аз он ҷо талош мекунанд ба Полша ё Ҷумҳурии Чех бираванд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Руминия, рӯзи 25 феврал дар ин нуқтаи марзӣ 10 ҳазор шаҳрванди Украина ба қайд гирифта шуд, вале фақат 11 нафари онҳо аризаи паноҳандагиро дар Руминия пур карданд. Дафтари президенти Молдова хабар дод, ки Майя Санду дар сӯҳбат бо ҳамтои руминиаш Клаус Йоҳаннис ба зарурати тадбирҳои муштараки ҳамоҳангшуда ба хотири расонидани ёрии зарурии башарӣ ба паноҳҷӯёни украинӣ таъкид кардааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG