УЕФА (Созмони футболи Аврупо) рӯзи 25 феврал эълон кард, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дар моҳи май ба далели ҳамлаи Русия ба Украина аз Санкт-Петербурги Русия ба Пориси Фаронса интиқол дода мешавад.
Қароре, ки ҳамагон интизор буданд, дар ҷаласаи фаврии ташкилнамудаи кумитаи иҷроия пас аз камтар аз 36 соати вуруди нерӯҳои Русия ба Украина гирифта шуд.
"УЕФА мехоҳад ба президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон барои дастгирии шахсӣ ва ӯҳдадориаш дар интиқоли бонуфузтарин бозии футболи бошгоҳҳои Аврупо ба Фаронса дар замони бӯҳрони бесобиқа изҳори сипос намояд", - гуфта мешавад дар изҳороти УЕФА.
"УЕФА якҷоя бо ҳукумати Фаронса кӯшишҳои ҷонибҳои манфиатдорро барои наҷоти футболбозон ва оилаҳои онҳо дар Украина, ки бо азобу уқубатҳои даҳшатноки инсонӣ, харобшавӣ ва оворашавӣ рӯбарӯ ҳастанд, комилан дастгирӣ хоҳад кард."
Кремл ин тасмими УЕФА-ро "шармовар" номид.
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал дастури ҳамла ба Украинаро содир кард. Шаҳрҳои гуногуни Украина дар ду рӯзи гузашта ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи Русия аз замин, ҳаво ва баҳр қарор гирифтанд. Кишварҳои ғарбӣ ин ҳамларо маҳкум карда, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.
Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи УЕФА инчунин тасмим гирифта шуд, ки бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби Русия ва Украина дар мусобиқаҳои УЕФА бояд то огоҳии минбаъда дар варзишгоҳҳои бетараф бозӣ кунанд.
Мувофиқи иттилои УЕФА, бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо рӯзи 28 май дар варзишгоҳи дорои 80 000 ҷойгоҳ барои тамошобинон баргузор мешавад.
Соли сеюм аст, ки пайиҳам интиқоли ғайринақшавии бозии ниҳоӣ талаб карда мешавад. Ду мавсими пештара, ки бо коронавирус бастагӣ дошт, шаҳрҳои Лиссабон ва Портуи Португалияро аз финал маҳрум кард.
Порис панҷ финали мусобиқаҳои сатҳашон олӣ, аз ҷумла финали аввал дар соли 1956, инчунин дар солҳои 1975 ва 1981-ро дар варзишгоҳи “Парк де Пренс” ва дар солҳои 2000 ва 2006-ро дар варзишгоҳи “Стад де Франс” баргузор карда буд.
Устод Адаш Истад мо бояд дар мадди аввал омори дурусти точикони узбакистонро талаб кунем.. ин 1 миллиону 2 миллиону се миллион ин хандахариш хаст. Узбакистон бештарин точикро дорад баъд Афгонистон ва баъд Точикистон. Ин шиорхои дустии халкхову мусулмон бародари мусулмон шояд хуб бошад вале як гурухи пангургист инро хуб истифода карданд. Омори вокеиашро бо ширкати созмонхои байналмиллали ва нуфусшумори бояд хувайдову пайдо сохт. Ин нахустин корест ки бояд анчом шавад баъд маълум мешавад хама чиз. Баъзе точикони Точикистони азиз бояд дуруст бардошт кунанд ва точикони Узбакистонро бо Афгонистон дар мукоиса набинанд зеро дар афгонистон точикхо аввал силох доранд дуюм харгиз бо забони бегона тахсил накардаанд. Бинобарин ин ду кобили мукоиса нест зарбатхое ки шурави махсусан пантуркизм ба точикони узбакистон ворид кард пахтунизм бо ёрии ингиз ба точикони афогонистон ворид накард.
Мутобки моддаи 64-и сарконуни Чумхурии Точикистон, мо хамаи шахрвандони Чумхурии Точикистон аз хукуки конститутсионии худ истифода намуда хохиши ба сари кудрат омадани хукумати нав хастем. Президенти кунуни ва хамаи аъзои хукумат бояд харчи зудтар иваз карда шаванд вагарна руз то руз ахволи мардуми бечора бо ин сиёсатхои бехирадона ба азобу укубати бештар гирифтор хоханд шуд.
Далери Эмомали журналисти МУСТАКИЛИ часури хакикатбин ба ту бародар ЧАСОРАТ муборак Шумо чавонони НА тундгаро БАЛКИ часур МУХАРРИКИ ин чомеви АФСУРДАИ мо ХАСТЕД харчанд Мухаммадикболу Хусейн Ашуров ва хохар ЗеварБону ДУР аз Ватани АЗИЗИ хамаи МО Точикистониен хам БОШАНД ман аз он МЕФАХРАМ,ки Далер далерона думболи ХАКИКАТ на харосида дар Точикистон бо дустон МУРУВАТ бо гайри он МАДОРО карда бисер БОШУУРОНА ва аз хама МУХИМАШ буи чуи Мулиен ОЯД хаме ТОЧИКОНА фаолият ДОРАД!!!Далерчон Худованд ХФЗАТ кунад ва сафхои Шумо чавонони бошуур ЗИЕД шавад!!!БОШИ!!!
Забони миллии мо форсист! Ё раб зи боди фитна нигахдор хоки форс
Р.О мархамат КАТАРАКАК дари муколамаро БОЗ кардед рейтингтон хам БОЛО рафт хам ЭЬТИМОДИ мардум ба Шумо БЕШТАР шуд...бигузор хар АКИДАЕ бошад он акидаи Фронти Халкист е ХДХТ аст е нахзатист е коммунист е диндору рухонист е бе дину дунявист е харду дар як чо бигузор БОШАД мухим МУКОЛАМА аз байн НАРАВАД муколама аз байн,ки РАФТ таькибу шиканчаву зиндону катлу куштор ХАТМАН чои УРО мегирад...ва ман ТАРАФДОРАМ худи ман хам АГАР комменти аз чахорчубаи одаму одамгари НАВИШТАМ онро дар хеч сурат чоп НАКУНЕД чун инсон инсанаст дигар эмотсия дорад хашмгин мешавад яьне бе камбуди НЕСТ Шумо Р.О дар ин маьрака ДОВАР хастед изза этого ФЛАГ ва в руки.Ташаку ба дикататон мухлиси АШАДИИ озоди.Озоди ба ХАМА афкору акида!!!