Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петр Сегрт: "Вазифаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аст"


Петр Сегрт, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, натиҷаи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро дар гурӯҳи «F» шарҳ дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ, ки 24-уми феврал дар қароргоҳи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт омода месозад.

«Мунтахаби Тоҷикистон аллакай дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаҳои Қирғизистон ва Мянмар бозӣ кардааст. Аз ин рӯ, дар гурӯҳи мо ҳарифони шинос ҷамъ шудаанд. Бозиҳои интихобӣ барои ҳеҷ як аз дастаҳо осон нахоҳад буд. Мо бояд ҳама рақибонро эҳтиром кунем ва ба бозиҳои интихобии моҳи июн хуб омода шавем. Ман ба дастаамон бовар дорам. Барои мо вазифа як аст - ба мусобиқаи интихобӣ омодагии хуб гирифта, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 соҳиби роҳхат шудан. Мутмаинам, ки бори аввал дар таърихи футболи тоҷик мо метавонем ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирем», - гуфт Петр Сегрт.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил шуд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар як давра рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июни соли равон дар Бишкеки Қирғизистон барпо мегарданд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойи дувум қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи «А»: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «С»: Узбекистон (мизбон), Тайланд, Молдив, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.

Гурӯҳи «F»: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур.

Бояд гуфт, ки тимҳои миллии Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

8 июн (чоршанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Қирғизистон – Сингапур

Даври 2-юм

11 июн (шанбе)

Сингапур – Тоҷикистон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 3-юм

14 июн (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Сингапур

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG