Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 27-уми феврал то 15-уми март дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Дар рақобатҳо миёни ҷавонон варзишгарони солҳои таваллудашон 2004-2005 ва дар рақобатҳо миёни наврасон варзишгарони солҳои таваллудашон 2006-2007 ширкат меварзанд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 27 варзишгар дохил аст, ки 5 нафари онҳо духтарон мебошанд. Чаҳор нафар -– Фариза Ёқубова (50 кг), Насиба Шарифзода (54 кг), Бибиҷон Музаффарова (57 кг), Бибинишастамо Холова (60 кг) дар сабқати ҷавонон ва Ҳангома Исоева (57 кг) дар сабқати духтарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар сабқати ҷавонон Тоҷикистонро 12 писар - 48 кг – Меъроҷ Зоидов, 51 кг – Асламҷон Қурбонов, 54 кг – Бузургмеҳр Иксанов, 57 кг – Абубакр Муродов, 60 кг – Абдураҳим Ёқубов, 63,5 кг – Саддам Давлатов, 67 кг – Анӯшервон Ҳақназаров, 71 кг – Юсуф Фозилов, 75 кг – Нурланбек Ерматов, 80 кг – Диёр Султонов, 86 кг – Акмалҷон Абдувалиев ва 92 кг – Парвиз Аҳмадов – намояндагӣ мекунанд.
Дар сабқати наврасон Тоҷикистонро 10 писар - 46 кг – Анушервон Фозилов, 48 кг – Меъроҷ Суфиҷонов, 50 кг – Ҷаъфар Ҳакимов, 52 кг – Дамир Муибалихонов, 54 кг – Руслан Ғафуров, 60 кг – Рустамҷон Ашуров, 66 кг – Усмоншайх Усмонов, 70 кг – Мирзобахтиёрхон Атоев, 75 кг – Аъзам Фозилов ва +80 кг – Фирӯз Раҷабов – муаррифӣ хоҳанд кард.
Қувваозмоиҳои ниҳоӣ рӯзҳои 13-14-уми март баргузор шуда, дар сабқати ҷавонон 51 қаҳрамон ва дар сабқати наврасон низ 51 қаҳрамон миёни писарону духтарон муайян карда мешаванд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?