Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки дар онҳо бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 ба таври мутамарказ баргузор мешаванд, тасдиқ кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозиҳои Ҷоми AFC-2022 бо иштироки КМВА (Клуби марказии варзишии артиш), ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон, аз 24-ум то 30-юми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Дастаи нави Ҷоми AFC – КМВА-и Душанбе - дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳҳои «Насаф» ё «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) рақобат хоҳад кард.
Ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоми кишвар - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бо бошгоҳҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдоғ” (Туркманистон) вориди рақобат мешавад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 24-ум то 30-юми июн дар шаҳри Бишкек доир мегардад.
Бояд гуфт, ки агар дастаи «Насаф»-и Қаршӣ ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 роҳ ёбад, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Узбекистон – “Суғдиён”-и Ҷиззах - дар Ҷоми AFC-2022 ширкат хоҳад кард. Агар «Насаф» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ наёбад, иштироки худро дар Ҷоми AFC-2022 идома хоҳад дод.
Ҷоми AFC-2022
Минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
Гурӯҳи «F»: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдоғ» (Туркманистон).