Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 тасдиқ шуд


Тақвими бозиҳои мусобиқаи асосии бошгоҳҳои қора – Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022, ки қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе низ дар он бозӣ мекунад, тасдиқ гардид.

Ёдовр мешавем, бар асоси қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқот, ки рӯзи 17-уми январ баргузор шуд, “Истиқлол” ба чаҳоргонаи “А” шомил гардид, ки дар он бо бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Райян” (Қатар), инчунин голиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) — «Ал-Завраа» (Ироқ) бозӣ мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 қаҳрамони Тоҷикистон шаш бозӣ анҷом медиҳад. «Истиқлол» дар нахустин бозии худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 8-уми апрел бо тими «Ал-Райян» (Қатар) бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамарказ аз 7-ум то 27-уми апрел баргузор мешавад.

Тибқи низомнома, аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар чаҳоргонаи худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Гурӯҳи «А»

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Райян» (Қатар)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ).

Даври 1-ум

8 апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Иморот) / «Ал-Завраа» (Ироқ).

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Райян» (Қатар)

Даври 2-юм

11 апрел (душанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Иморот) / «Ал-Завраа» (Ироқ) –

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Райян» (Қатар) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

15 апрел (ҷумъа)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Иморот) / «Ал-Завраа» (Ироқ) – «Ал-Райян» (Қатар)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

19 апрел (сешанбе)

«Ал-Райян» (Қатар) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Иморот) / «Ал-Завраа» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

23 апрел (шанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Иморот) / «Ал-Завраа» (Ироқ) - «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Райян» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

27 апрел (чоршанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Райян» (Қатар)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Иморот) / «Ал-Завраа» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG