Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии санҷишӣ аз Туркия мағлуб шуд


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20). Акс аз бойгонӣ.
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20). Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар бозии санҷишӣ аз тими мизбон – мунтахаби Туркия (U-20) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ин бозии санҷишӣ 22-юми феврал дар маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ»-и шаҳри Сиде доир гардид. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Абдулло Шарипов зад.

Ин бозии панҷуми санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия ва аввалин бохти онҳо ба шумор мерафт. Ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар се бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ кард ва дар як дидор мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо тими «Ворскла» (U-20)-и Украина бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта буд. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик тими «Фремад Амагер» (U-20)-и Данияро бо ҳисоби 2:1, ҳайатҳои ҷавонони «Чертаново»-и Маскавро бо ҳисоби 2:0 ва «Криля Советов»-и Самараро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон, ки ин бозиҳоро бо ду ҳайати мухталиф баргузор намуд, ҳамаи бозигарони дар ихтиёри даста бударо озмоиш кард.

Натоиҷи бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

13 феврал (якшанбе)

Тоҷикистон (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20) – 0:0

16 феврал (чоршанбе)

Тоҷикистон (U-20) – БК «Фрем» (Дания) – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Асадбек Зиёзода, Абдулло Шарипов.

18 феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон (U-20) – «Чертаново-М» (Русия) – 2:0

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 2 (1:0). Азизбек Ҳаитов, 52 (2:0).

19 феврал (шанбе)

Тоҷикистон (U-20) – «Криля Советов-М» (Русия) – 3:0

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 28 (1:0). Содиқҷон Қурбонов, 47 (2:0). Меҳроб Асоев, 81 (3:0).

22 феврал (сешанбе)

Туркия (U-20) – Тоҷикистон (U-20) – 3:1

Голҳо: Инон Мирхон, 20 (1:0). Абдулло Шоҳиндара, 30 (2:0). Туғбой Оқгюн, 36 (3:0). Абдулло Шарипов, 40 (3:1).

XS
SM
MD
LG