Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" аввалин бозии санҷиширо дар Туркия ба "Металлист"-и Харков бохт


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ҳини тамрин.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ҳини тамрин.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия дар аввалин бозии санҷишӣ аз тими «Металлист»-и Харкови Украина бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол», аввалин бозии санҷишии қаҳрамони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко муқобили тими “Металлист”-и Харков, пешсафи дивизиони якуми қаҳрамонии футболи Украина, 22-юми феврал дар шаҳри Белек баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 ба поён расид. Вале дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони укроин ду гол зада, бозиро ба нафъи худ бо ҳисоби 2:1 анҷом доданд.

Бозии дуюми санҷишии қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 25-уми феврал муқобили бошгоҳи «Ауда»-и Латвия баргузор хоҳад шуд. Намояндаи дигари лигаи олии футболи Латвия - бошгоҳи «Валмиера» - сеюмин рақиби «Истиқлол» мешавад. Ин бозии санҷишӣ рӯзи душанбеи 28-уми феврал доир мегардад.

Бозии ниҳоии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия «Истиқлол» рӯзи чоршанбеи 2-юми март бо дастаи «Оболон»-и Украина баргузор хоҳад кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии "Истиқлол" дар Анталияи Туркия, ки 18-уми феврал шуруъ шуд, то рӯзи 3-юми март идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Райян» (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ) рақобат мекунад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ баргузор мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гуруҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG