Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Apollo Hospitals" дар Узбекистон беморхонаи байналмилалӣ месозад


Як бемористон дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Як бемористон дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Шабакаи байналмилалии бемористонҳои "Apollo Hospitals of India" тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо "Marathon Group" дар Узбекистон беморхонаи ёрии таъҷилиро бо технологияҳои пешрафта таъсис диҳад.

Ба иттилои расонаи "The Times of India", ин бемористон, ки бунёди он 30 миллион доллар харҷро дар пай дорад, дар навбати аввал барои 100 кас пешбинӣ мешавад. Дертар катҳои он то ба 200 адад афзоиш хоҳад ёфт.

Қарор аст, беморхона дар вилояти Фарғонаи Узбекистон бунёд шавад, то ба он сокинони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам дастрасӣ дошта бошанд.

"Apollo Hospitals of India" соли 1983 таъсис ёфта, яке аз нахустин беморхонаҳои Ҳиндустон мебошад, ки иҷозатномаи байналхалқии комиссияи байналмилалии муттаҳидаи Амрикоро ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG