Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои санҷишии "Истиқлол" дар Туркия


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия, ки то рӯзи 3-юми март идома хоҳад кард, бо бошгоҳҳои хориҷӣ чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи «Истиқлол», аввалин бозии санҷишии қаҳрамони Тоҷикистон дар Анталия бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко имрӯз, 22-юми феврал, баргузор мешавад. Рақиби бошгоҳи Душанбе дастаи «Металлист»-и Харкови Украина мебошад. Бозӣ дар шаҳри Белек соати 18:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Бозии дуюми санҷишии қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 25-уми феврал муқобили бошгоҳи «Ауда»-и Латвия баргузор хоҳад шуд. Намояндаи дигари лигаи олии футболи Латвия - бошгоҳи «Валмиера» - сеюмин рақиби «Истиқлол» мешавад. Ин бозии санҷишӣ рӯзи душанбеи 28-уми феврал доир мегардад.

Бозии ниҳоии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия «Истиқлол» рӯзи чоршанбеи 2-юми март бо дастаи «Оболон»-и Украина баргузор хоҳад кард.

Тамринҳои "Истиқлол" дар Анталияи Туркия 18-уми феврал шуруъ шуд. Тибқи нақша «Истиқлол» ҳар рӯз ду тамрин доир менамояд.

Ёдовар мешавем, аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Райян» (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ) рақобат мекунад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ баргузор мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гуруҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.

Ҳамчунин «Истиқлол» дар бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон рӯзи 8-уми май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода бо дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рақобат мекунад.

XS
SM
MD
LG