Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба зудӣ тасмим мегирад, ки "истиқлол"-и ду минтақаи Украинаро эътироф кунад ё не


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, "имрӯз" тасмим мегирад, ки "истиқлол"-и Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро ба расмият бишиносад ё не.

Изҳороти Путин 21-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Русия садо дод.

Ин тасмим метавонад, барои Аврупо муҳим бошад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ аз гирд омадани беш аз 150 ҳазор сарбоз ва афсари Русия дар наздикии марз бо Украина нигаронанд. Онҳо аз эҳтимоли ҳамлаи низомии Маскав ба Украина ҳушдор додаанд.

Путин рӯзи душанбе гуфт, тарҳи сулҳ барои хатми низоъ дар шарқи Украина "дурнамо" надорад. Ҷое, ки Киев аз соли 2014 ба ин сӯ бо ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав меҷангад.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ҳафтаи гузашта гуфт, бовар дорад, Путин аллакай дар бораи ҳамла тасмим гирифтааст.

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 21-уми феврал ҳушдор дод, ки "пешбинӣ мекунем, онҳо (тонкҳои Русия) метавонанд, дар соатҳо ё рӯзҳои наздик сарҳади Украинаро гузаранд".

Раҳбарони минтақаҳои ҷудоихоҳ дар рӯзҳои охир дар бораи кӯчондани мардум хабар доданд. Раиси ҷумҳури Русия дар нишасти Шӯрои Амнияти кишвараш гуфт, баҳси ҳозира дар бораи "пайвастан"-и минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳон ба қаламрави Русия нест.

XS
SM
MD
LG