Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден розӣ шудааст, ки бо Путин мулоқот кунад


Ҷо Байден ва Владимир Путин
Ҷо Байден ва Владимир Путин

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ризоият додааст, ки барои пешгирӣ аз таҷовузи эҳтимолии Русия ба Украина бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфтугӯ кунад.

Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, рӯзи 20-уми феврал дар як баёнияи расмӣ гуфт, Ҷо Байден бо Путин пас аз 24-уми феврал, баъд аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ, Энтони Блинкен ва Сергей Лавров, суҳбат мекунад, ба шарте ки то он рӯз Русия ба Украина ҳамла накунад.

Пешниҳоди мулоқоти раҳбарони ду кишвар аз тарафи Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, сурат гирифт, ки ӯ пештар аз ин бо раҳбарони Амрикову Русия дар як рӯз суҳбатҳои алоҳидаи телефонӣ дошт. Дар бораи ҷой ва замони мушаххаси гуфтугӯи рӯ ба рӯи Ҷо Байден ва Владимир Путин чизе гуфта нашудааст.

Ҷо Байден рӯзи 18-уми феврал гуфт, ки бовар дорад, Владимир Путин қарор дар бораи ҳамла ба Украинаро қабул кардааст ва мумкин аст, ин ин ҳамла дар рӯзҳои оянда сурат бигирад.

Ӯ афзуд, агар Русия ин корро кунад, кишварҳои ғарбӣ ба зидди он таҳримҳои сахти иқтисодӣ ҷорӣ мекунанд. Русия айни замон дар атрофи Украина 150 ҳазор сарбозашро басиҷ кардааст. Кремл мехоҳад, аз пайвастани Украина ба НАТО, Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ пешгирӣ карда, онро дигарбора ба мадори нуфузи худ баргардонад.

XS
SM
MD
LG