Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар қаҳрамонии CAFA дар Бишкек


Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19).
Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19).

Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ), ки 19-уми феврал дар шаҳри Бишкек ба поён расид, баъди се бохт ба тимҳои Узбекистон (1:3), Эрон (1:2) ва Афғонистон (1:5) дар бозии охиринаш низ аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар ин мусобиқаи минтақавӣ бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин - панҷум - қарор гирифт.

Мунтахаби Эрон, ки дар ҳамаи чаҳор бозиаш пирӯз шуд, бо касби 12 имтиёз мақоми аввлро соҳиб шуд ва бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт.

Мунтахаби Афғонистон, ки бо касби нӯҳ имтиёз дувум шуд, медалҳои нуқра гирифт. Дастаи мизбон – Қирғизистон, ки бо касби шаш имтиёз ҷойи севумро азони худ кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Мунтахаби Узбекистон, ки се имтиёз ба даст овард, дар ҷойгоҳи пешазохирин - чаҳорум - қарор гирифт.

Дар қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок карданд.

Бар асоси дастур мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир гардид ва ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом дод. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян шуд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и Бишкек доир гардиданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Даври 1-ум, 12 феврал:

  • Узбекистон - Тоҷикистон - 3:1
  • Эрон - Афғонистон - 10:3

Даври 2-юм, 13 феврал:

  • Тоҷикистон - Эрон - 1:2
  • Қирғизистон - Афғонистон - 3:5

Даври 3-юм, 15 феврал:

  • Афғонистон - Тоҷикистон - 5:1
  • Қирғизистон - Узбекистон - 9:3

Даври 4-ум, 17 феврал:

  • Афғонистон - Узбекистон - 8:1
  • Эрон - Қирғизистон - 6:1

Даври 5-ум, 19 феврал:

  • Узбекистон - Эрон -1:7
  • Тоҷикистон - Қирғизистон - 2:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

4

4

0

0

25-6

12

2

Афғонистон

4

3

0

1

21-15

9

3

Қирғизистон

4

2

0

2

18-16

6

4

Узбекистон

4

1

0

3

8-25

3

5

Тоҷикистон

4

0

0

4

5-15

0

XS
SM
MD
LG