Дафтари Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса эълон кард, ки Ҷо Байден ва Владимир Путин, президентҳои Амрико ва Русия ба таври усулӣ дар бораи баргузории нишасте дар бораи Украина мувофиқат карданд.
Қасри раёсати ҷумҳури Фаронса рӯзи душанбеи 21-уми феврал эълон кард, ки оқои Макрон ҳар ду раҳбарро барои ҳузур дар нишасте дар бораи Украина ва суботи стратегӣ дар Аврупо, даъват кард.
Бар пояи ин хабар, "раиси ҷумҳур Байден ва президент Путин ҳар ду ба таври усулӣ бо баргузории чунин нишасте мувофиқат кардаанд", аммо баргузории ин нишаст дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина ғайримумкин хоҳад буд.
Кохи Сафед ҳам ба дунбол эълон кард, ки оқои Байден тарҳи мулоқот бо Путинро пазируфтааст, аммо танҳо дар сурате, ки Русия ба Украина ҳамла накарда бошад.
Мувофиқати раҳбарони Русия ва Амрико барои дидори якдигар дар пайи тамосҳои телефонии бор-бори Эммануэл Макрон эълон шуд. Оқои Макрон танҳо рӯзи якшанбе ду бор бо ҳамтои руси худ гуфтугӯ кард.
Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса эълон карда буд, ки Эммануэл Макрон ва Владимир Путин дар тамоси аввали худ дар бораи зарурати талоши бештар ба ҳадафи пайдо кардани роҳи ҳалли дипломатии бӯҳрони Украина сӯҳбат кардаанд.
Владимир Путин ба ҳамтои фаронсавии худ гуфта буд, ки нерӯҳои Русия пас аз поёни тамринҳои низомии муштарак, аз Белорус берун хоҳанд шуд. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси маълумоти НАТО, ҳудуди 30 ҳазор сарбози Русия дар Белорус ҳузур доранд.
Амрико шумораи умумии нерӯҳои русӣ дар минтақаҳои наздик ба марзи Украина ва низ Белорусро ҳудуди 190 ҳазор нафар гуфтааст. Ҷо Байден рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки Путин тасмим гирифтааст, ки ба Украина ҳамла кунад.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе мулоқоти дусоата бо аъзои Шӯрои амниятии миллии ин кишвар дар робита ба бӯҳрони Украина дошт ва пас аз он барномаи худро барои сафар ба иёлати Делавэр лағв кард.
Амрико таъкид кардааст, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина бо русҳо вориди ҷанги мустақим намешавад, аммо якҷо бо дигар кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои сахти иқтисодӣ алайҳи Маскав ҷорӣ хоҳад кард.
Вохима аз кадом конун ва риояи он мегуфта и раиси мардуми...
"СПАД"-евскй бояд дар кишвари нейтрал мулокоти худро доир менамуд, то касе "афсона" нахонда, худро "сафед" накунаду ба манфиати халку давлатхои Созмон. на ба гуфти "Мактабхон" ба фоидаи гурухе кароре кабул гардад.
Сарқонунин барои шахсиятои аввали Осиёи Миёна мисли як дафтарчаи кисагие ҳаст, кӣ ҳар вақте хоҳанд онро тағйир медиҳанд, ҳар вақте хоҳанд онро куллан иваз мекунанд. Бо гузашти 30 сол аз пош хӯрдани Шӯравӣ ҳеҷ чиз тағйир накардааст дар минтақа. Иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна ҳатто ба дараҷҷаи соли 1990 баробар нашудаст. Дар минтақа фасод, бекорӣ, хешутаборбозии ҳокимон( непатизм), низоми сусти маорифу тандурустӣ, дастрас набудани замин ба деҳқонон, андозбанди зиёди соҳибкорон, фирори мағзҳо мушкилиҳои дар боло зикр намуда домангири кишварҳои Осиёи Миёна аст.
Якта Боқиршон ҳамара 30 сол боз безор кардагиай, акун навбати Боқири дуюмуш шуд.
Гурезогурез