Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Пекин ба анҷом расид


Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки 20-уми феврал дар Пекини Чин ба анҷом расид, баъди натиҷагирии шонздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 37 медал (16 тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Мунтахаби Норвегия дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пёнчҳани Кореяи Ҷанубӣ низ бо касби 39 медал - 14 тилло, 14 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо ғолиб шуда буд.

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 мунтахаби Олмон бо касби 27 медал (12 тилло, 10 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кард. Мунтахаби Чин бо касби 15 медал (9 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (8 тилло, 10 нуқра ва 7 биринҷӣ), Шведсия (8 тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ), Нидерланд (8 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), Австрия (7 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ), Швейтсария (7 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (6 тилло, 12 нуқра ва 14 биринҷӣ) ва Фаронса (5 тилло, 7 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шуданд.

Ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Беларус бо ду медали нуқра дар ҷойи 24-ум, Украина бо як медали нуқра дар ҷойи 25-ум, Эстония ва Латвия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи 27-ум қарор гирифтанд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Пекин ширкат надоштанд.

Ҳамин тариқ, дар шонздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 29 кишвар соҳибони медалҳо шуданд, аз он ҷумла намояндагони 23 кишвар медали тилло ба даст оварданд.

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин бо ширкати ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар доир гардид. Варзишгарон барои 109 маҷмуи медалҳо оид ба 7 намуди варзиш (15 равия) рақобат карданд.

Маросими пӯшидашавии бозиҳо шоми якшанбеи 20-уми феврал баргузор шуд. Парчами олимпиро шаҳрдори Пекин ба намояндагони шаҳрҳои Италия - Милан ва Кортина д'Ампессо, ки соли 2026 мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпӣ хоҳанд буд, супурд.

Дар маросим Томас Бах, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), суханронӣ кард. "Шумо бо вуҷуди низоъҳои байни кишварҳоятон, на танҳо ҳамдигарро эҳтиром мекардед, якдигарро дастгирӣ ва ба оғӯш мегирифтед. Шумо тамоми сарҳадҳоро паси сар карда, нишон додед, ки баробарии умумӣ дар ҷомеаи олимпӣ ҳукмфармост. Мо ҳама баробар ҳастем, новобаста аз он ки чӣ гуна зуҳур мешавем, мо аз куҷоем ва ба чӣ бовар дорем. Қудрате, ки моро дар Олимпиада муттаҳид мекунад, ҳама кӯшишҳоро барои ҷудо кардани мо мағлуб месозад. Шумо ба ҷаҳон имконият медиҳед. Бигзор раҳбарони сиёсии тамоми ҷаҳон аз намунаи ҳамбастагӣ ва сулҳҷӯёнаи шумо илҳом бигиранд ”, - гуфт ӯ.

Сипас Бах Бозиҳои зимистонаи олимпиии Пекинро пӯшида эълон кард.

XS
SM
MD
LG