Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam 2022"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо – “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки рӯзҳои 17-19-уми феврал дар шаҳри Телавиви Исроил баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Темур ба сабқат дар рӯзи охирини мусобиқа – 19-уми феврал – аз даври дуюм пардохт ва баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Серафим Компанез аз Исроил ва Стефан Ҳеҷйӣ аз Австрия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Гурам Тушишвили (Гурҷистон), ки дар ин вазн медали тилло гирифт, мағлуб шуд.

Сипас паҳлавони тоҷик барои медали биринҷӣ Анди Грандаиро аз Куба шикаст дод. Темур Раҳимов соли гузашта дар Grand Slam дар Боку медали нуқра ва дар Абу Забӣ медали биринҷӣ гирифта буд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Тел-Авив 298 варзишгар (165 мард ва 133 зан) аз 34 кишвар иштирок карданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба ҷуз аз Темур Раҳимов, боз се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (-73 кило), Шодмон Ризоев (-81 кило) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кило) - намояндагӣ карданд.

Сомон ва Шодмон рӯзи дуюми мусобиқа - 18-уми феврал, Ҷаҳонгир рӯзи 19-уми феврал вориди рақобат шуданд.
Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм ба варзишгари Бразилия Ҷеферсон Сантос Юниор ғолиб омад. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Тоҳар Бутбул (Исроил) ва дар даври тассалобахш аз Игор Вандтке (Олмон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Ду паҳлавони дигари тоҷик - Шодмон Ризоев ва Ҷаҳонгир Маҷидов - дар даври аввал ноком шуданд. Ризоев аз қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Саги Муки аз Исроил мағлуб гардид. Маҷидов бошад, қувваозмоиро ба Шермуҳаммад Ҷангреев аз Узбекистон бохт.

Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ мукофоти молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1500-евроӣ.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби чаҳор медали тилло ва чаҳор нишони биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби ду медали тилло ва яктоӣ нишонҳои нуқраю биринҷӣ ҷойи дуюмро гирифт. Мунтахаби Гурҷистон бо касби ду медали тилло ва як нуқра ҷойи сеюмро азони худ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи ҳафтум дар байни 34 кишвар ҳамроҳ бо Испания ҷойи 23-юмро соҳиб шуд.

Ин мусобиқаи севуми байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Пештар дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда буд. Ӯ дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

XS
SM
MD
LG