Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии дуюми санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия тими «Фремад Амагер» (U-20)-и Данияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин бозии санҷишӣ 16-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Титаник»-и шаҳри Қадрия доир гардид. Голҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Асадбек Зиёзод ва Абдулло Шарипов ба самар расониданд.
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон, ки ин бозиро низ бо ду ҳайати мухталиф баргузор намуд, ҳамаи бозигарони дар ихтиёри даста бударо озмоиш кард.
Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия бо тими «Ворскла» (U-20)-и Украина бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта буд.
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии сеюми санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия 18-уми феврал бо тими «Чертаново», ки дар лигаи ҷавонони Русия бозӣ мекунад, доир менамояд.
Бозии санҷишӣ
Тоҷикистон (U-20) – «Фремад Амагер» (Дания, U-20) – 2:1
Голҳои Тоҷикистон: Асадбек Зиёзода, Абдулло Шарипов.
Тоҷикистон (U-20): Сафармад Ғаффоров (Суҳробхуҷа Юсупов, 68), Раҳматшо Раҳматзода (Содиқҷон Қурбонов, 64), Фахриддин Аҳтамов (Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, 57), Меҳрубон Каримов (Меҳрубони Абдурауф, 46), Асадбек Зиёзода (Шаҳриёри Иноятулло, 46), Меҳроб Асоев (Фатҳулло Олимзода, 46), Азизбек Ҳаитов (Ҳамзаҷон Аҳтамов, 46), Кабир Салимшоев (Азизбек Далиев, 46), Алиҷони Айнӣ (Аббос Андалебов, 64), Ҳамадонӣ Камолов (Абдулло Шарипов, 64), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Хуршед Давлатзода, 46, Суннатулло Азизов, 72).
16-уми феврал. Қадрия, Туркия. Варзишгоҳи «Титаник».
Бозиҳои боқимондаи санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомад дар Туркия:
18-уми феврал (ҷумъа)
Тоҷикистон (U-20) – «Чертаново» (Русия, U-20)
19-уми феврал (шанбе)
Тоҷикистон (U-20) – «Криля Советов» (Русия, U-20)
22-юми феврал (сешанбе)
Тоҷикистон (U-20) – Туркия (U-20)
Магар аз занону модарони тлҷтк ҳам тарс доред? Магар хатар доранд? Чаноб куҷост меҳру ҳурмати шумо?? Дуне гузарон. Бтрармоед амнията ки модарони тоҷика даст назананд
Шуморо танхо кур ва кар номидан лозим асту бас! Ту манкурти косалес ба садяки Зеварбону намераси! ту хато аз зан зантари, хайфи ту барин косалес!! Аз дасти чунин ту барин нокасон имруз миллат хору залил асту гуломи як кавм!
Марди Худо кулобиера фиреб накунен дига, ба фиреби шумо дода намешаванд.
Эй Марди Худо ба ҷои он, ки шаҳрвандонро ба кашмакашиҳо даъват менамои хубаш хомуш бош. Милати тоҷик якбор гуруснагиву, гурезагию бехонагиро аз сар гузаронидааст инҳам сабабаш ҳамон ҷанги шаҳрванди буд. Ба фикрам дигар ҷои гап нест. Тоҷикистон ба пеш
Ёдгор Файзовро az vazifa girifta vaya vai namekardand yagon notinji nameshud.