Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 Норвегия аз рақибонаш хеле пеш рафт


Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии дувоздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 28 медал (13 тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо мисли пешин дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Олмон бо касби 20 медал (10 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 19 медал (8 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Чин (7 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Австрия (6 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ), Нидерланд (6 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ), Шведсия (6 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ), Швейтсария (5 тилло ва 5 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (4 тилло, 8 нуқра ва 12 биринҷӣ) ва Фаронса (4 тилло, 7 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Беларус бо ду медали нуқра дар ҷойи 22-юм, Украина бо як медали нуқра дар ҷойи 23-юм, Эстония ва Латвия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи 25-ум қарор доранд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Пекин ширкат надоранд.

Ҳамин тариқ, дар дувоздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 28 кишвар медал гирифтаанд, аз он ҷумла намояндагони 21 кишвар медали тилло ба даст овардаанд.

Олимпиадаи Пекин-2022 бо ширкати ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар то рӯзи 20-уми феврал идома хоҳад кард. Варзишгарон барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) мубориза мебаранд.

Имрӯз, 17-уми феврал, варзишгарон барои шаш маҷмуи медалҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 талош мекунанд. Дар рӯзи сездаҳуми бозиҳо мусобиқот оид ба кёрлинг, фристайл, лижаронии кӯҳӣ, ҳоккей (занон), дуҳарбаи лижаронӣ, конкитозӣ ва рақси рӯи ях доир мегардад.

XS
SM
MD
LG