Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), тибқи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ки имрӯз, 17-уми феврал, дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, муайян шуданд.
Бар асоси қуръакашӣ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки рӯзҳои 1-19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳи иборат аз чоррдастаӣ тақсим шуданд. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷопон бозӣ мекунад.
Аз ҳар гурӯҳ ду даста мусобиқаро барои ба даст овардани медалҳо идома медиҳанд. Дар мавриди ба чаҳорякфинал роҳхат гирифтан мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия – рӯбарӯ хоҳад шуд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Эрон, Қатар, Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Ироқ, Кувайт.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҷопон, Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо иштироки 16 дастаи беҳтарини қора дар Узбекистон баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи интихобии гурӯҳи “В”, ки моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе доир гардид, ба дастаҳои Лубнон (1:0) ва Непал (6:0) ғалаба карда, аз тими Эрон (2:3) шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи дуюмро азони худ кард.
Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи қораи Осиё дар марҳилаи интихобӣ дар 11 гурӯҳ бозӣ карданд. Тибқи низомнома ғолибони гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мушарраф шуданд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?