Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ба изҳороти Русия бовар надоранд


Нерӯҳои Украина
Нерӯҳои Украина

Кишварҳои ғарбӣ ва Киев ба иддаои Русия дар мавриди берун бурдани нерӯҳояш аз марзи Украина бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, Русия ҳамоно ба тақвияти нерӯҳояш дар сарҳади кишвари ҳамсоя идома медиҳад ва баръакс хавфи ҳамларо бештар кардааст.

Вашингтон пешниҳоди Думаи Давлатӣ ё порлумони Русияро дар бораи ба расмият шинохтани ду минтақаи ҷудоихоҳи таҳти ҳимояти Маскав дар шарқи Украина ба шиддат маҳкум кард. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, чунин иқдом "дағалона зери по кардани қонунҳои байнулмилалӣ аст."

Вазорати дифои Русия рӯзи 16-уми феврал видеоеро нашр карда, иддао намуд, ки тонкҳо ва техникаҳои дигари низомиро аз нимҷазираи Қрим берун мебарад. Русия соли 2014 ин минтақаи Украинаро тасарруф карда буд.

Аммо Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, гуфт, ҳеч гуна коҳиши нерӯ дар марзи Украина мушоҳида нашудааст. Столтенберг дар нишасти дурӯзаи вазирони дифои НАТО дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт, "баръакс, чунин ба назар мерасад, ки Русия ба тақвияти нерӯҳояш идома медиҳад."

Вазири дифои Бритониё низ гуфт, Лондон то ба ҳол ҳеч нишонаеро дар бораи берун рафтани нерӯҳои Русия аз марзи Украина надидааст.

XS
SM
MD
LG