Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аз Афғонистон шикаст хӯрд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ), ки дар Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, баъди ду бохт ба тимҳои Узбекистон (1:3) ва Эрон (1:2), дар бозии сеюмаш аз мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Қирғизистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 9:3 мағлуб кард.

Дар қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доранд.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби Эрон ва Афғонистон бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Дастаҳои Қирғизистону Узбекистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон имтиёз надорад.

Даври чаҳоруми мусобиқа 17-уми феврал доир мегардад. Дастаҳои Афғонистону Узбекистон ва Эрону Қирғизистон бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринашро 19-уми феврал бо дастаи мизбон – Қирғизистон - баргузор мекунад.

Бар асоси дастур мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад ва ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и Бишкек доир мегарданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба мусобиқаи Бишкек мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омода кардааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон 3:1

Голҳо: Далер Эшонқулов, 12 (1:0). Ҷовидон Хушвахтов, 13 (1:1). Далер Эшонқулов, 34 (2:1). Самандар Муродқулов, 40 (3:1).

Эрон – Афғонистон 10:3

Даври 2-юм

Тоҷикистон Эрон 1:2

Голҳо: Амирҳамза Сиддиқзода, 7 (0:1). Умед Назризода, 26 – ба дарвозаи худ (0:2). Саидисроил Саидов, 38 (1:2).

Қирғизистон Афғонистон 3:5

Даври 3-юм

Афғонистон Тоҷикистон – 5:1

Голҳо: Умед Қамбарӣ, 17 (1:0). Умед Назризода, 19 – ба дарвозаи худ (2:0). Саидисроил Саидов, 20 – дабл-пеналти (2:1). Нурулло Назарӣ, 20 (3:1). Умед Қамбарӣ, 23 (4:1). Сайёд Муҷтабо Ҳусайнӣ, 32 (5:1).

Тӯбро аз дабл-пеналти ба ҳадаф нарасонд: Бекмурод Ҳаитов (Тоҷикистон), 16 – дарвозабон тӯбро баргардонд.

Қирғизистон Узбекистон – 9:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

12-4

6

2

Афғонистон

3

2

0

1

13-14

6

3

Қирғизистон

2

1

0

1

12-8

3

4

Узбекистон

2

1

0

1

6-10

3

5

Тоҷикистон

3

0

0

3

3-10

0

Даври 4-ум

17 феврал (панҷшанбе)

15:00 – Афғонистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – Қирғизистон

Даври 5-ум

19 феврал (шанбе)

15:00 – Узбекистон – Эрон

18:00Тоҷикистон – Қирғизистон

Эзоҳ: оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG