Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафони Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022


Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии ёздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 26 медал (12 тилло, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Олмон бо касби 18 медал (9 тилло, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 19 медал (8 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Австрия (6 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ), Нидерланд (6 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ), Чин (6 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Шведсия (5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ), Швейтсария (5 тилло ва 5 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (4 тилло, 7 нуқра ва 9 биринҷӣ) ва Фаронса (3 тилло, 7 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Беларус бо ду медали нуқра дар ҷойи 22-юм, Эстония ва Латвия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи 24-ум қарор доранд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Пекин ширкат надоранд.

Ҳамин тариқ, дар ёздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 27 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 21 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд.

Имрӯз, 16-уми феврал, варзишгарон барои ҳашт маҷмуи медалҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 мубориза мебаранд. Дар рӯзи дувоздаҳум мусобиқот оид ба фристайл, рақси рӯи ях, ҳоккей, шорт-трек, кёрлинг, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ ва биатлон доир мегардад.

XS
SM
MD
LG