Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Раис мухлисат ҳаст, савол надеҳ”. Бардошт аз нишасти раиси вилояти Хатлон. ВИДЕО


Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатло

Дар нишасти хабарии Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон на ҳама журналистон имкони савол додан пайдо карданд.

Ин нишаст рӯзи 14-уми феврал баргузор шуд ва дар он 50 рӯзноманигор иштирок доштанд.

Раиси вилояти Хатлон 25 дақиқаи нишасти худро бо хондани ҳисобот сарф кард ва дар миёни нишаст бо баҳонаи “аз қабулгоҳи президент занг задан“ барои чанд дақиқа нишастро тарк кард.

Масъулини Хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон аз хабарнигори Радиои Озодӣ хостаанд, то ба раис суол надиҳад, чун раис “мухлис”-и навиштаҳои ӯ будааст.

Масъулини ҳукумати Хатлон мегӯянд, нишаст дар доираи муқаррарот баргузор шуд ва давоми як соат имкони посух додан ба суоли ҳамаи рӯзноманигорон вуҷуд надошт. Дар дастгоҳи раиси вилоят гуфтанд, ки “дари ҳукумат ҳамеша ба рӯи рӯзноманигорон боз аст ва метавонанд суолҳои худро хаттӣ фиристанд ва ҳатман ҷавоб мегиранд.”

Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон аст, ки беш аз 3 миллион аҳолӣ дорад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Нишасти раиси вилояти Хатлон бидуни суол аз Радиои Озодӣ доир шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG