Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки рӯзҳои 17-19-уми феврал дар пойтахти Исроил баргузор мегшавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа иштироки 307 варзишгар (169 мард, 138 зан) аз 34 кишвар дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чаҳор варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Барномаи мусобиқа:
17-уми феврал (панҷшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
18-уми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
19-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев рӯзи дуюми мусобиқа - 18-уми феврал, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов рӯзи сеюм - 19-уми феврал - вориди рақобат мешаванд.
Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ мукофоти молӣ супурда мешавад: барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1500-евроӣ.
Зимнан, ин сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад. Қаблан дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда буд. Ӯ дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.