Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск


Разавӣ Навбаҳоров (аз рост) бо мураббии варзиш Маҳмуд Абдуллоев. Акс аз бойгонӣ.
Разавӣ Навбаҳоров (аз рост) бо мураббии варзиш Маҳмуд Абдуллоев. Акс аз бойгонӣ.

Разавӣ Навбаҳоров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи Ҷоми бози Аврупо оид ба самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳурии Беларус, ки рӯзҳои 12-13-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Чунонки сомонаи sambo.sport.ru аз қавли раиси Федератсияи самбои Беларус Александр Кобрусев хабар додааст, дар Ҷоми бози Аврупо наздики 150 варзишгар аз 11 кишвар – Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Юнон - иштирок карданд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми феврал, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро шаш варзишгар – ду нафар оид ба самбои варзишӣ ва чаҳор нафар оид ба самбои размӣ - намояндагӣ карданд. Ӯ афзуд, "аз байни шаш паҳлавони тоҷик танҳо Разавӣ Навбаҳоров медал ба даст овард. Ӯ дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 79 кило мақоми сеюмро касб намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид".

Дар вазни то 79 кило Владимир Сергееви русиягӣ ғолиб шуд. Ӯ дар финал ҳамдастааш Кирилл Сёминро шикаст дод. Зимнан, дар ин мусобиқа мунтахаби Русия бо касби 13 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Гурҷистон дуюм ва мунтахаби Беларус сеюм шуданд.

Гуфтугӯ бо мураббии варзиш Маҳмуд Абдуллоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Линки мустақим

"Ҷоми бози Аврупо дар Минск барои самбочиёни тоҷик нахустин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими соли 2022 ба шумор мерафт. Разавӣ Навбаҳоров, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, аввалин медалро дар риштаи самбо дар мавсими нав ба Тоҷикистон овард",- гуфт довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев.

Разавӣ Навбаҳорови 21-сола солҳои ахир дар якчанд мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо ва самбои размӣ ширкат карда, дар рақобатҳо миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон муваффақ гаштааст. Чунончи, ӯ дар мусобиқаи байналмилалии самбо “Берлиниада - 2018” дар шаҳри Берлини Олмон дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Навбаҳоров соли 2018 дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербия доир гардид, дар вазни зери 57 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Разавӣ Навбаҳоров соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Муғулистон -- Улан-Батор баргузор шуд, дар вазни зери 70 кило байни наврасон медали нуқра ба даст овард. Инчунин ҳамон сол вай дар мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон ба хотираи Алекс Неруш дар шаҳри Ришон-ле-Cиони Исроил дар вазни зери 68 кило бар рақибонаш аз Латвия, Исроил ва Олмон ғолиб омада, соҳиби медали тилло гардид.

XS
SM
MD
LG