Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аввалин бозии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бо тими «Ворскла» (U-20)-и Украина бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин бозии санҷишӣ 13-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ»-и шаҳри Сиде доир гардид.
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон, ки ин бозиро бо ду ҳайати мухталиф баргузор намуд, ҳамаи бозигарони дар ихтиёри даста бударо озмоиш кард.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии дуюми санҷишӣ дар Туркия рӯзи чоршанбе, 16-уми феврал, бо ҳамсолонашон аз Македонияи Шимолӣ рақобат мекунанд.
Бозии санҷишӣ
Тоҷикистон (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20) – 0:0
Тоҷикистон (U-20): Сафармад Ғаффоров (Шаҳобиддин Маҳмудзода, 69), Меҳрубони Абдурауф (Содиқҷон Қурбонов, 46), Раҳматшо Раҳматзода (Меҳрубон Каримов, 46), Шаҳриёри Иноятулло (Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, 46), Фахриддин Аҳтамов (Асадбек Зиёзода, 46), Аббос Андалебов (Азизбек Ҳаитов, 46, Ҳамзаҷон Аҳтамов, 70), Абдулло Шарипов (Меҳроб Асоев, 46), Ҳамадонӣ Камолов (Кабир Салимшоев, 46), Фатҳулло Олимзода (Бежан Нишонбойзода, 46), Алиҷони Айнӣ (Хуршед Давлатзода, 46, Суннатулло Азизов, 72), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Азизбек Далиев, 60).
13-уми феврал. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ».
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?