Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 21 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст.
Мунтахаби Олмон бо касби 14 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 16 медал (7 тилло, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.
Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Австрия (6 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ), Нидерланд (6 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Чин (5 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Шведсия (5 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (4 тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ), Швейтсария (4 тилло ва 5 биринҷӣ) ва Фаронса (3 тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.
Ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Беларус бо ду медали нуқра дар ҷойи 22-юм, Эстония ва Латвия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи 24-ум қарор доранд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Пекин ширкат надоранд.
Ҳамин тариқ, дар даҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 27 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 21 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.
Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд.
Имрӯз, 15-уми феврал, варзишгарон барои нӯҳ маҷмуи медалҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 мубориза мебаранд. Дар рӯзи ёздаҳум мусобиқот оид ба сноуборд, фристайл, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, биатлон, конкитозӣ, бобслей, кёрлинг ва рақси рӯи ях доир мегардад.
Хами занак узви ягон гурухи ифротияй ба фикрм.
Ҳо мардуми тоҷикистонда як биёбони як чашмаи шӯр бошад, ки ай пушти гӯсфанду говуш чарида гардад. Душанбе самолёту компютер инҳо молҳои ба менталитет мо бегона мебошанд.
Намедонам Чи гуям...
Ин аз заифии хукумати оилавию корупциони рахмон дарак медихад. Ин хукумати аз мардуми худ метарсад, чунки хеле заиф хаст
Ин хонашеронро ба сархад бояд фиристод,ба Ворух бигзор он чо хизмат кунанд.