Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Қарзи аҳолӣ аз барқ 41 миллион сомонӣ афзуд. Шубҳаву гумонҳо боқист


Аҳолии Тоҷикистон моҳҳо аз камбуди барқ ранҷ мекашанд
Аҳолии Тоҷикистон моҳҳо аз камбуди барқ ранҷ мекашанд

Мақомот мегӯянд, соли гузашта қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ 41 миллион сомонӣ зиёд шуд. Ба гуфтаи намояндагони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, қарзи умумии аҳолӣ 1 миллиарду 384 миллион сомонӣ мебошад. Вале шубҳаву гумонҳо дар бораи қарздории аҳолӣ аз барқ зиёд аст.

Рӯзи 14-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ, рӯзноманигорон омори қарздории аҳолӣ аз барқро ба баҳс кашида, гуфтанд, дар сурати пардохт накардани маблағи истифодаи барқ, интиқоли барқ қатъ мешавад. “Пас ин 1 миллиард сомонӣ қарз аз куҷо пайдо шуд?” -- пурсиданд хабарнигорон.

Ҳабибулло Яъқубов, муовини мудири “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар посух ба ин суол гуфт, 1,3 миллиард сомонӣ қарзе мебошад, ки солҳои гузашта ҷамъ шудааст.

Ба гуфтаи Яъқубов, онҳо соли охир бо ҷорӣ кардани низоми биллингӣ назорат аз болои қарзи аҳолиро пурзӯр карданд. Ин масъули идораи барқ барои намуна гуфт, агар чанд сол пеш қарзи аҳолӣ солона зиёда аз 300 миллион сомонӣ зиёд мешуд, соли гузашта он ҳамагӣ 41 миллион сомонӣ зиёд шуд, аммо ин посух хабарнигоронро қонеъ накард.

Коршиносон борҳо омори қарздории аҳолиро аз барқ зери шубҳа гузошта, сабабҳои ин мушкилро ба мудирияти нодуруст пайванд додаанд. Айни замон баъзе аз кормандони ширкат бе зикри номи худ мегӯянд, қарзҳои зиёд умдатан аз корхонаву шахсонест, ки ба хешовандони мансабдорони баландпоя тааллуқ доранд. Мақомот ин гуна танқидро қабул надоранд.

Масъулини «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ки соли гузашта аз баданаи «Барқи тоҷик» ҷудо шуд, мегӯянд, ба ҷуз аҳолӣ қарздорони калон аз истифодаи барқ инҳо мебошанд:

Ширкати Алюминийи Тоҷик (ТАЛКО) – 459,4 миллион сомонӣ;

Корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ – 206,3 миллион сомонӣ;

Оҷонси беҳдошти замин ва обёрӣ – зиёда аз 373,1 миллион сомонӣ;

Идораву муассисаҳои буҷетӣ – зиёда аз 112,4 миллион сомонӣ;

КВД "Обу корези ҷумҳурӣ" – 53,5 миллион сомонӣ.

XS
SM
MD
LG