Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олаф Шолтс ба Украина меравад


Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон

Рӯзи 14-уми феврал қарор аст дар шаҳри Киев мулоқоти садри аъзами Олмон Олаф Шолтс бо президенти Украина Владимир Зеленский баргузор шавад. Нигарониҳо аз тавсеаи нирӯҳои Русия дар сарҳад бо Украинаву хатар аз ҳамла ба ин ин кишвар мавриди нигаронии Ғарбу Аврупо мебошад. Фардо, 15-уми феврал Шолтс ба Маскав меравад ва бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад. Шолтс дирӯз гуфт, ки аъзои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аллакай феҳристи таҳримҳои сахту сангинеро омода кардаанд, ки дар сурати ҳуҷуми Русия ба Украина татбиқ мешавад. ИМА рӯзи 13 феврал гуфт, ки ба ҳисобҳои онҳо дар сарҳади Русия бо Украина аз 100 то 130 ҳазор нирӯ таҷаммӯъ кардааст.

Зеленский дирӯз бо президенти ИМА Ҷо Байден сӯҳбати телефонӣ анҷом дод ва дар ин гуфтугӯ, ба навиштаи Кохи Сафед, ба зарурати “дипломатия ва хештандорӣ дар вокуниш ба афзоиши нирӯҳо” дар марзи Русия бо Украина таъкид шудааст. Байден бори дигар пойбандии ИМА-ро ба истиқлолият ва тамомияти арзии Украина баён карда гуфтааст, ки дар сурати “рафтори хашини Русия алайҳи Украина” вокуниши сареъ нишон медиҳад. Зеленский дар ин сӯҳбат аз Байден хостааст, ки рӯзҳои наздик аз Украина дидан кунад.

XS
SM
MD
LG