Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ширкату муассисаҳо барои нақзи қонуни забон 48,6 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд


Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон.

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ки муассиса ва ширкатҳо дар соли гузашта барои риоя нагардидани муқаррароти қонуни забон, ба маблағи 48 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима шудаанд. Масъулини ин ниҳод рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки дар ин робита 57 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ боз шуда, мавриди таҳқиқ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар соли гузашта ин ниҳод ба 1184 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намудааст, ки аз он 74 муроҷиат аз ҷониби аққалиятҳои миллӣ буда, ба 555 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявию ба 555 муроҷиаткунанда хулосаи рад додааст. Ин нишондод дар муҷоиса бо соле қабл камтар будааст.

Гурӯҳи мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳи Тоҷикистон дар соли 2015 "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ"-ро, ки аз чор ҳазор намунаи номҳои тоҷикӣ иборат буд, омода карданд. Ин феҳрист як сол баъд ба нашр расид. Нашри ин феҳрист он замон дар ҷомеа дудастагиҳоро ба миён овард. Иддаое интиқод карданд, ки ин феҳрист номгузориҳоро маҳдуд кардааст.

Масъулини Кумита мегӯянд, ба шаҳрвандони барои гузоштани номҳои душворталаффуз, номувофиқ ба суннати номгузории тоҷикӣ ва номҳое, ки собиқаи таърихӣ дар забони тоҷикӣ надоранд ва аз забонҳои гуногуни дунё гирифта шудаанд, иҷоза дода намешавад.

XS
SM
MD
LG