Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми Рушд-2022" бе медал монд


Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16).
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16).

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи 18-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2022», ки рӯзи якшанбеи 13-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус ба поён расид, аз медали биринҷӣ бенасиб монд.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар рӯзи охирини мусобиқа дар Минск дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо дастаи наврасони Беларус (U-17) рақобат карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар сабқати гурӯҳии “Ҷоми рушд-2022)” дар як бозӣ бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада, ду бозиро бо мунтахаби Молдова ва тими наврасони “Динамо”-и Минск бо ҳисоби якхелаи мусовии 2:2 анҷом дода, дар бозӣ бо ҳамсолонашон аз Беларус бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда буданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо 5 имтиёз сеюм ва аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқа чаҳорум шуд.

Мунтахаби Исроил (U-17) барандаи “Ҷоми Рушд-2022” гардид. Исроилиҳо дар финал бар мунтахаби Беларус (U-16) пирӯз шуд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналти мунтахаби Исроил бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Бояд гуфт, ки ҳамлагари мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Масрур Ғафуров бо шаш гол нишонзани беҳтарини “Ҷоми Рушд-2022” гардид.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2022»

Бозӣ барои ҷойи 9-ум

«Динамо-Минск» (U-17) – «Минск» (U-17) – 2:1

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

Молдова (U-16) – Гурҷистон (U-17) – 0:7

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

Қирғизистон (U-16) – Узбекистон (U-17) – 1:3

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Тоҷикистон (U-16) – Беларус (U-17) – 0:4

Финал

Беларус (U-16) – Исроил (U-17) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 1:3

XS
SM
MD
LG