Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 боз Норвегия пешсафиро ба даст гирифт


Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 21 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Олмон бо касби 14 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 14 медал (7 тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Нидерланд (6 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Шведсия (5 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ), Австрия (4 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (4 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ), Чин (4 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ), Швейтсария (3 тилло ва 5 биринҷӣ) ва Фаронса (2 тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Зимнан, ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ мунтахаби Беларус бо як медали нуқра дар ҷойи 22-юм ва мунтахаби Латвия бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 24-ум қарор доранд.

Ҳамин тариқ, дар нӯҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 26 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 21 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок надоранд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон низ ширкат намеварзад.

Имрӯз, 14-уми феврал, варзишгарон барои чаҳор маҷмуи медалҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 мубориза мебаранд. Дар рӯзи даҳум мусобиқот оид ба рақси рӯи ях, бобслей, фристайл, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва кёрлинг доир мегардад.

XS
SM
MD
LG