Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонақоҳи падари Румӣ дар Балх вайрон мешавад? ВИДЕО


Хонақоҳи Баҳоваддин дар Балх

Дар Афғонистон, як хонақоҳи қадимие дар ҳоли нобудӣ аст, ки бовар меравад дар он Ҷалолиддини Балхӣ таҳсил кардааст. Хонақоҳи Баҳовуддин дар вилояти Балх дар наздикии шаҳри Мазори Шариф, дар асри 13 макони илму фарҳанг будааст.

Ҳоло рӯи деворҳои паҳну гилини он кӯдакон бозӣ мекунанд ва фарҳангиёни Афғонистон метарсанд, ки харобаҳои қобили бозсозии ин осори таърихӣ нобуд мешавад. Аз хонақоҳи Баҳовуддин, ки дар асри 13 мадрасаи пуровозаи замони худаш буд, ҳоло гунбаду деворҳои фурӯрафта боқӣ мондаанд. Онҳое, ки ба зиёрат меоянд, мегӯянд, ки гиряаашон мегирад.

Яке аз онҳо Ҳабибулло Донишёр, шоири ҷавони афғон аст, ки хабарнигори Франс Пресс бо ӯ суҳбат кардааст: “Ҳазрати Мавлоно як шахсияти волову бузургест дар ҷаҳон. Ҳисси хубе ба мо медиҳад, вале ҳамин харобаҳояшро ки мебинем, ки ба ин ҳол афтодаанд, эҳсоси парешонӣ мекунем.”

Хонақоҳи падари Румӣ аз байн меравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Хонақоҳ дар ноҳияи Балх дар 20 километрии шаҳри Мазори Шариф воқеъ аст. Деворҳояш, ки 110 сантиметрӣ арз доранд, бо хишти хом сохта шудаанд. Ҳукумати қаблии Афғонистон барои пешгирӣ аз вайрон шудани хонақоҳ болояшро бо оҳан пӯшонд, вале бинобар ҳузури Толибон дар инҷо дигар коре карда натавонист.

Шоҳ Муҳаммад Ҳаким, бостоншинос ва корманди Идораи иттилооту фарҳанги вилояти Балх: “Давлати пешин, вазорати иттилооту фарҳанг талош карданд, ҳайатеро фиристоданд, ки дар раъси аз онҳо Нуроғои Нурӣ, раиси бостоншиносӣ буд. Аз идораи бозсозӣ ҳам ҳайатҳо буданд. Инҷо омаданд, нисбати таҳдидоти баланди амниятӣ ки инҷо буд, дигар мухолифони давлат ҳузур доштанд, дар соҳа, мо натавонистем, биёем ва корҳое, ки лозим аст, анҷом диҳем.”

Акнун Толибон ҳам мегӯянд, ки мехоҳанд, хонақоҳе, ки Ҷалолиддини Балхӣ онҷо замони кӯдакиаш таҳсил кардааст, обод шавад. Забеҳулло Нуронӣ, раиси Идораи иттилоот ва маорифи Толибон дар Балх: “Пеш аз ҳама мо омодаем, ба онҳое, ки мехоҳанд, хонақоҳро таъмир кунанд, кӯмак расонем. Дуввум ин ки мо талош дорем, то замони оғози таъмир макони таваллуди Мавлоноро муҳофизат кунем, то аз байн наравад."

Доир ба макони таваллуди Ҷалолиддини Балхӣ, ки соли 1207 ба дунё омадааст, фарзияҳо гуногун аст. Қисме онро қаламрави Балхи Афғонистон ва қисми дигар рустое дар Вахши Тоҷикистон медонанд. Бино ба навиштаҳои таърихӣ, хонақоҳи падари Мавлоно дар ҳамлаи муғулҳо дар соли 1221 милодӣ вайрон шудааст. Дар замоне, ки ӯ аз инҷо бо аҳли хонаводааш ба Эрон фирор кард.

Фарҳангиёни Афғонистон мегӯянд, аз байн рафтани ин макони илмиву орифона баробар бо аз байн рафтани як порчаи арзишманди таъриху фарҳанги башар аст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG