Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Кобул ду рӯзноманигорро боздошт кардаанд


Паноҳандагони афғонистонӣ
Паноҳандагони афғонистонӣ

Дар Афғонистон ду рӯзноманигоре, ки барои Дафтари СММ дар умури паноҳандагон кор мекарданд, боздошт шудаанд.

Ҷузъиёти боздошти онҳо шарҳ дода намешавад, вале Дафтари СММ дар умури паноҳандагон дар Твитер хабар додааст, ки барои ҳали мушкил ҳамаи чораҳои мумкин андешида мешавад.

Расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки дар Кобул Эндрю Норт, хабарнигори собиқи ББС, ки бо дафтари СММ дар умури паноҳандагон кор мекард, нопадид шудааст.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳамроҳ бо Норт ҳашт хориҷӣ низ будааст.

Дар хабари расонаҳои маҳаллӣ гуфта мешавад, ки эҳтимол онҳо аз ҷониби Толибон боздошт шудаанд ва дафтари СММ барои раҳоии онҳо талош дорад.

Толибон ин қазияро шарҳ намедиҳанд.

Гурӯҳи Толибон, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мамнӯъ дониста мешаванд, миёнаи моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф карданд. Бо гузашти ним сол ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG